Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо китобҳое, ки зимни баргузории чорабинии хайрия аз ҷониби Фонди байнидавлатиии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ҷамъоварӣ шуданд, ғанӣ мегардад.
Ба гуфтаи котиби матбуотии фонд Александр Калугин, китобҳои мазкур моҳи декабр дар Маскав ҷамъоварӣ гардида, дар он беш аз 20 ташкилотҳову нашриёт саҳм гузоштаанд. «Ба ҷуз Тоҷикистон, адабиёти ҷамъовардашуда ба китобхонаҳои илмии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ фиристода мешаванд», – гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, 26-уми феврал барои кормандони китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ давраи омӯзишии 10-рӯза оғоз мегардад ва иштирокдорон бо фаъолияти коргузории китобхонаҳои намунавии шаҳрҳои Бишкек, Маскав, Санкт-Петербург, Минск ва Киев аз наздик ошно хоҳанд гашт.




