Сарусадои босуръат боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ аввали баҳор анҷом хоҳад ёфт, – назари коршинос

            Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар чунин назар аст, ки сарусадои босуръат боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ аввали баҳор анҷом хоҳад ёфт.             Ф.Саидов мегӯяд, боло рафтани қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва вобастагии зич доштани […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар чунин назар аст, ки сарусадои босуръат боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ аввали баҳор анҷом хоҳад ёфт.





           

Ф.Саидов мегӯяд, боло рафтани қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва вобастагии зич доштани сомонӣ ба рубли русӣ марбут аст, зеро Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад ва тиҷорат миёни кишварҳо тариқи доллар сурат мегирад.




           

Ба ақида Ф.Саидов, бинобар бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар аксари мамолики ҷаҳон эҳтиёҷот ба доллари амрикоӣ зиёд шуд ва ин омил низ ба афзоиши қурби доллари амрикоӣ мусоидат кардааст.




           

Коршинос чунин мешуморад, ки дар вазъи мавҷуда ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, истеҳсоли маводи ниёзи аввалияро дар ҷумҳурӣ афзуда, воридоти онро аз хориҷи кишвар коҳиш диҳад. «Содироти маҳсулоти макаронӣ, гӯгирд, намак, равғни растанӣ, нӯшокиҳои мевагӣ ва намуди дигари чунин маҳсулот ба устувории қурби асъори миллии ҷумҳурӣ мусоидат карда наметавонад», – афзуд Ф.Саидов.




           

Ёдовар мешавем, тайи як моҳи ахир қурби ғайрирасмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ аз 3 сомониву 50 дирам ба 3 сомониву 90дирам барои 1 доллар зиёд шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.