«Талко» ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш медиҳад

            Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо назардошти бӯҳрони энергетикии мавҷуда мақомоти раҳбарии КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» оид ба ҷорӣ сохтани реҷаи махсуси коҳиши хароҷоти нерӯи барқ дар тамоми сохторҳои ширкат қарор қабул кард.             Тавре сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан қарори коҳиши ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ва гудохтани […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо назардошти бӯҳрони энергетикии мавҷуда мақомоти раҳбарии КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» оид ба ҷорӣ сохтани реҷаи махсуси коҳиши хароҷоти нерӯи барқ дар тамоми сохторҳои ширкат қарор қабул кард.





           

Тавре сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан қарори коҳиши ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ва гудохтани алюминий амалӣ гардида, аллакай кори беш аз 100 ванаҳои электролизӣ қатъ гардидааст ва истифодаи нерӯи барқ то 15 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз кам карда шудааст. «Қаблан корхона дар як шабонарӯз 21 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мекард ва феълан ҷиҳати коҳиши ҳаҷми истифодаи он то 14 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз чораҳо андешида мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади то ҳадди камтарин расонидани хароҷот ба қувваи корӣ дар сурати нигоҳ доштани ҷойи корӣ соати корӣ дар корхона 1 соат кам карда шуд. «Оид ба кам кардани хароҷоти марбут ба корҳои ташкилӣ, истифодаи нақлиёт ва ғайра низ тадбирҳо андешида мешаванд», – изҳор дошт С.Қодирова.




           

Сухангӯи ширкат афзуд, ба болои бӯҳрони молӣ бӯҳрони энергетикӣ низ ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонид ва дар чунин шароит менеҷменти ширкат ҷиҳати қатъ нагаштани фаъолияти корхона ва нигоҳ доштани имконоти иқтидории он тамоми чораҳои зиддибӯҳрониро мавриди амал қарор хоҳад дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.