Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ,
бо мақсади беҳтар кардани муҳити инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муттаҳид намудани бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои алоқаманд баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумат дар таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ кӯмак расонида истодааст.
Ширкатҳои тоҷикие, ки мехоҳанд идоракунии корпоративии хешро беҳтар намоянд, ҳоло аз сабаби набудани дастури миллӣ мушкилӣ кашида истодаанд. Бо мақсади кӯмак расонидан дар ҳалли ин мушкилот Лоиҳаи IFC
оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ ҳафтаи гузашта мизи мудавваре бо иштироки намояндагони ҳукумат ва дигар сохторҳои алоқаманд барпо намуд. Иштирокчиён қарор доданд, дар ҷодаи таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративие, ки ба шаффофии фаъолияти ширкатҳои тоҷикӣ ва ҷалб намудани инвесторхои хориҷӣ мусоидат мекунад, ҳамкорӣ кунанд.
“Вақти он расидааст, ки мо бояд кодекси миллии идоракунии корпоративии ҶТ-ро таҳия намоем”, –
гуфт иштирокчии семинар машваратчии ҳуқуқии «Агроинвестбонк» Вячеслав Пияров. – Кодекси миллӣ муҳити инвеститсионии кишварро беҳтар мекунад ва идоракунии корпоративии ширкатҳои маҳаллиро ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ месозад. Дар ин ҷода мо ширкати IFC-ро, ки бо таҷрибаи байналхалқии хеш дар ин ҷараён нақши муҳим бозида истодааст, хуш пазироӣ мекунем”.
Ба гуфтаи ҳамоҳангсози Лоиҳаи IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Миёна бештари ширкатҳои маҳаллӣ хоҳиш намуданд, ки кодекси миллии идоракунии корпоративии ба стандартхои байналхалқӣ ҷавобгӯ таҳия карда шавад. “Иштирокчиён инчунин шакл ва мундариҷаи кодексро муҳокима карданд ва оид ба қадамҳои аввалин дар ин ҷода қарор кабул карданд,” – илова кард ӯ. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъул бо масоили робита бо ҷомеаи
IFC
Муҳиддин Тоҷиев хабар дод.



