Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мӯътақид аст, ки бо таъсиси фонд дар ҳаҷми 10 млрд. $ ва ташкили нерӯҳои муштараки зудамал кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё билохира ба кори амалӣ оғоз намуданд. «Чунин иқдомҳои муҳим гувоҳи онанд, ки давраи бӯҳронӣ дар муносибот миёни кишварҳои пасошӯравӣ паси сар шуда, тадриҷан он ба ҷараёни созанда ворид мегардад», – мегӯяд ӯ.
С.Сафаров изҳор дошт, ки рӯйдодҳои ахир, аз қабили ҳуҷуми мусаллаҳонаи Гурҷистон ба Осетиёи Ҷанубӣ, «баҳси газ»-и Русияву Украина ва ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия, ахириро водор сохтанд, ки ташаббускори раванди ҳамгиройӣ гардад. «Раванди минбаъдаи ҳамгиройӣ миёни кишварҳои узви СААД ва ЕврАзЭС аз Русия чун нерӯи аслии ин раванд вобаста хоҳад буд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки агар кишварҳои узви ин созмону иттиҳод ба манфиатҳои миллии ҳамдигар эҳтиром гузоранд, ин раванд таҳким хоҳад ёфт ва агар на, вайрон шудани тамоми низоми амният ва ҳамкории иқтисодӣ дар қаламрави ИДМ аз эҳтимол дур нест.



