Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 7 млн. 064 ҳазор ба 7 млн. 289 ҳазор нафар расид. Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот медиҳад.
Бино ба маълумоти кумита, шумораи аҳолии кишарҳои узви ИДМ ба миқдори 1 млн. нафар зиёд шуда, 281 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, шумораи аҳолӣ дар Озарбойҷон – аз 8,63 млн. ба 8,73 млн., Арманистон – аз 3,23 ба 3,238 млн., Қирғизистон аз 5,224 ба 5,276 млн., Ӯзбекистон – аз 27,072 ба 27,4 млн. ва Қазоқистон – аз 15,572 ба 15,766 млн. нафар расидааст.



