Роҳбари гурӯҳи ХБА: Миёни Тоҷикистону ХБА акнун ҳеҷ монеае барои рушду густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад

Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Гурӯҳи   Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд. Аксел Шиммелпфенниг бо қаноатмандӣ изҳор дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии Хазинаи Байналмилалии Асъорро пурра […]

root


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Гурӯҳи

 

Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.



Аксел Шиммелпфенниг бо қаноатмандӣ изҳор дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии Хазинаи Байналмилалии Асъорро пурра иҷро намуд ва акнун мо ба таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ мекунем».

 




Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин санҷиши фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт ва акнун ҳеҷ монеае барои рушду густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад.



Таъкид гардид, ки дар таҳияи барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт тавачҷӯҳи асосӣ ба андешидани чораҳои муассир баҳри паст кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда мешавад.



Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба рушди ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.