Кӯлоб. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Иззатулло Раҳмонов, ки то ҳанӯз ба ҳайси сардори Раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоб ифои вазифа менамуд, ба вазифаи сардори раёсати қарздиҳии ин бонк дар минтақа гузаронида шуда, ба ҷойи ӯ сардори шӯъбаи бонк дар ноҳияи Фархор Маҳмадулло Раҳмонов ба ин мансаб таъин гардид.
Тағйироти кадрӣ дар шӯъбаи минтақавии бонк замоне сурат мегирад, ки бонкро зарур аст, то 30-уми марти соли ҷорӣ ба баргардонидани қарзҳо аз 4 ноҳияи пахтакор муваффақ гардад.
М.Раҳмонов ҳангоми ба ҳайси мудири шӯъбаи бонк дар ноҳияи Фархор фаъолият доштанаш ба он ноил гардид, ки то имрӯз қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар ин ноҳия то 70 дарсад пардохта шаванд.



