Вилояти Свердловск аз ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ даст намекашад

Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири Маркази муҳоҷирати вилояти Свердловски Русия иттилои чанде қабл интишоршуда дар чанде аз васоити ахбори оммаро дар бораи ҷалб накардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли ҷорӣ рад сохт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки оид ба ҷалб накардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар сои 2009 ҳеҷ […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири Маркази муҳоҷирати вилояти Свердловски Русия иттилои чанде қабл интишоршуда дар чанде аз васоити ахбори оммаро дар бораи ҷалб накардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли ҷорӣ рад сохт.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки оид ба ҷалб накардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар сои 2009 ҳеҷ супоришоти расмӣ нашудааст. «Гузашта аз ин, соли равон низ тартиби қабул ба кор муқаррарӣ буда, дар чаҳорчӯбаи муайяннамуда ба миқдори 133 ҳазор ҷойи корӣ сурат хоҳад гирифт», – гуфт ӯ.



Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Свердловск, дар ахири моҳи январи соли ҷорӣ 806 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба кор қабул ва 522 нафар аз кор озод карда шудаанд. Мувофиқи омори расмӣ, аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Свердловск 17 ҳазору 324 шаҳрванди Тоҷикистон чун муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.