Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдуҳамид Миралиев дирӯз дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт, ки қарори манъи ҳаракати мошинҳои сабукрави мусофирбари ҳафт ҷойи нишастдошта дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо мақсади кам кардани шумори хеле зиёди нақлиёт дар баъзе қитъаҳо қабул гардид.
Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ҷумҳурӣ шумори мошинҳои мусофирбари маъруф ба «тангемка» то 5-5,5 ҳазор адад мерасад. «Онҳо метавонанд тибқи хатсайрҳои қаблӣ бидуни ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои манъшуда кор кунанд, вале агар аз рӯи хатсайр гузаштан аз он пешбинӣ шуда бошад, метавонанд онро убур созанд», – гуфт ӯ.
Муовини раиси пойтахт иттилоъ дод, ки моҳи феврал ба Душанбе 150 автобус ва 60 троллейбус ворид карда мешаванд, ки бо 514 адад нақлиёти мусофирбари шаҳр аз рӯи хатсайрҳо ҳаракат хоҳанд кард.
А.Миралиев мегӯяд, автобусҳои хурди навъи «Газел», ки аз аввали соли гузашта шуморашон аз 1500 то 400 адад коҳиш ёфтааст, низ бо ин хатсайрҳо ҳаракат хоҳанд кард. «Аксари соҳибкорон ба рақобат тоб наоварда ба истифодаи мошинҳои сабукрави ғунҷоишашон кам гузаштанд ва акнун пас аз мавриди истифода гирифтани қарор шояд шумораашон боз афзун гардад», – афзуд муовини раиси пойтахт.



