Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо истифода аз обуҳавои мусоид ахири моҳи январ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ кишти баҳории зироати ғалладона шурӯъ гардид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин ноҳияҳо дар майдони ҳудуди 7 ҳазор гектар кишти зироати ғалладона гузаронида шудааст, ки аз нақшаи 134 ҳазор гектари соли равон пешбинишуда барои кишти зироати ғалладона 5,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кишоврзони тоҷик соли равон ният доранд, ки
ба миқдори 1 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оранд. Эҳтиёҷоти умумии Тоҷикистон ба гандум 1 млн. 260 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.



