Додгоҳи олӣ хизматчии вазорати мудофиа ва ҳамроҳашро ба ҷурми ғоратгарӣ ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кард

            Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи Олӣ ба иттиҳоми ғоратгарӣ хизматчии вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Баҳриддин Давлатовро ба муддати 10 сол ва ҳамроҳаш Зокирҷон Назирови бекорро ба муддати 11 сол ба зиндони тартиботи шадид маҳкум намуд.             Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи Олӣ хабар доданд, маҳкумшудагон ба ғоратгарии яке аз ширкатҳои хусусии пойтахт […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи Олӣ ба иттиҳоми ғоратгарӣ хизматчии вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Баҳриддин Давлатовро ба муддати 10 сол ва ҳамроҳаш Зокирҷон Назирови бекорро ба муддати 11 сол ба зиндони тартиботи шадид маҳкум намуд.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи Олӣ хабар доданд, маҳкумшудагон ба ғоратгарии яке аз ширкатҳои хусусии пойтахт дар таърихи 15-уми октябри соли гузашта гунаҳкор дониста мешаванд. «Зимни тафтишот маълум гардид, ки ғоратгарон 4 нафар буда, ҳамон шаб посбонро латукӯб намуда, ба дафтари кории ширкат ворид мегарданд ва аз чор нафар кормандони ширкат, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, бо таҳдиду зӯрӣ телефонҳои мобилӣ ва 157 сомониашонро кашида гирифта, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, чанде баъдтар Б.Давлатов ва З.Назиров дар ҷинояти ғоратгарии навбатӣ иштирок карда, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт мегарданд. «Ду нафари дигари дар ҷинояти мазкур дастдошта мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд», – афзуд сарчашма аз Додгоҳи Олӣ.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.