Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо собиқадорони соҳаи журналистика як қатор вохӯриҳо доир месозад

Date:



           

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бахшида ба таҷлили ҷашни 50-умин солгарди таъсисёбӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо собиқадорони соҳаи журналистика як қатор вохӯриҳо доир месозад.





           

Тавре котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, вохӯрии нахустин ба хотири гиромидошти ёдбуди журналисти маъруф Мақсуди Ҳусейн 27-уми феврал доир хоҳад шуд, ки ба 55-солагии зодрӯзи ӯ бахшида мешавад.





           




Ба қавли П.Нуров, дар вохӯриҳо ҳамаи хоҳишмандон, бахусус рӯзноманигорони ҷавон иштирок карда метавонанд. «Рузноманигорони ҷавон дониши назариявии хуб доранд, вале тавсияҳои амалӣ аз журналистони таҷрибадор барои онҳо ниҳоят зарур аст ва тавассути чунин вохӯриҳо мо ният дорем, ин иқдомро рӯи кор орем», – гуфт П.Нуров ва афзуд, ки ИЖТ чунин вохӯриҳоро дар як моҳ як ё ду бор баргузор хоҳад намуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...