Сафорати ИМА: Дар гуфтушуниди сафири ИМА ва президенти Тоҷикистон сари масъалаи транзити борҳо танҳо бо роҳи заминӣ сухан рафт

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Фармондеҳии нақлиётии нерӯҳои Амрико ояндаи наздик ҷиҳати мувофиқа сохтани масоили транзити борҳои тиҷоратӣ ба Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Душанбе меояд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар гуфтушуниди сафири ИМА ва президенти Тоҷикистон сари масъалаи транзити борҳо на бо роҳи ҳавоӣ, […]

Роза Шапошник


Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Фармондеҳии нақлиётии нерӯҳои Амрико ояндаи наздик ҷиҳати мувофиқа сохтани масоили транзити борҳои тиҷоратӣ ба Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Душанбе меояд.




Ҳамчунин зикр гардид, ки дар гуфтушуниди сафири ИМА ва президенти Тоҷикистон сари масъалаи транзити борҳо на бо роҳи ҳавоӣ, балки танҳо бо роҳи заминӣ бо истифода аз роҳи оҳан ва роҳи мошингард сухан рафтааст ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафири ИМА дар ҷумҳурӣ Трейси Энн Ҷейкобсон оид ба масъалаи ифтитоҳи пойгоҳ гуфтушунид накардаанд.



Ба иттилои сафорати ИМА, сафир дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки бинобар афзудани шумори нерӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон зарурати истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои транзити маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, маводи сӯзишворӣ ва дигар борҳои таъиноти ғайринизомӣ пеш омадааст.



Дар мавриди дурнамои рушди ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳо сафири Амрико зикр кард, ки баргузории тренингу конфронсҳои муштарак, татбиқи лоиҳҳои рушди зерсохтор ва таъсиси лагери тамринӣ дар Турсунзода дар назар аст, ки барои тамоми нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дастрас хоҳад буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.