Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» барои напардохтани қарзи мавҷуда аз болои ширкати «Барқи тоҷик» ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин хусус дар изҳороти расмии мақомоти раҳбарии ҷамъияти саҳомӣ ишора шудааст.
Дар изҳорот таъкид мегардад, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.
Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.
Маълумотнома:
Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.



