ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба додгоҳ мекашад

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» барои напардохтани қарзи мавҷуда аз болои ширкати «Барқи тоҷик» ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин хусус дар изҳороти расмии мақомоти раҳбарии ҷамъияти саҳомӣ ишора шудааст. Дар изҳорот таъкид мегардад, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 […]

Виктория Наумова


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» барои напардохтани қарзи мавҷуда аз болои ширкати «Барқи тоҷик» ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин хусус дар изҳороти расмии мақомоти раҳбарии ҷамъияти саҳомӣ ишора шудааст.




Дар изҳорот таъкид мегардад, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.



Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.





Маълумотнома:








Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.