Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО ба афзоиши нуфузи ВАО дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. «Мавҷуд набудани васоити ахбори оммаи мавқеи мухолифдошта тайи солҳои ахир, ҳукуматро водор сохт, ки ба чунин иқдом даст занад ва ин аз эътимоди ҳукумат ба ВАО гувоҳӣ медиҳад», – гуфт ӯ.
И.Усмонов бар чунин назар аст, ки мавқеи кунунии матбуоти хусусӣ бештар сиёсӣ аст ва мушкилоти сиёсиро дар пасманзари иҷтимоӣ инъикос менамояд. «Бо назардошти рисолати ҳамшарикии ВАО, ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки аз чунин нуқтаи назар ба он муносибат намоянд», – изҳор дошт профессор.
Ба қавли И.Усмонов, татбиқи фармони мазкур бояд тибқи қонунгузории мавҷуда дар бораи ВАО амалӣ гардад, яъне ҳукуматдорон бояд фармонро иҷро кунанду ВАО аз мавқеи худ сӯиистифода накарда, ба интишори маводи ғайривоқеӣ роҳ надиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ баҳри таҳкими тартиботи иҷроиши вазифаҳо ва баланд бардоштани нақши ВАО дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар қабул карда шудааст.



