Корхонаҳои коркарди меваи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии ПродЭкспо-2009 дар Маскав иштирок мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» –

Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии саноати ғизо ва нӯшока мавсум ба ПродЭкспо-2009, ки имрӯз, 09 феврал дар Маскав шурӯъ шуд, аз ин кишвар намояндагӣ мекунанд. Ин корхонаҳо “Шарбатҳо” ва “Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ” (собиқ Гули Кӯҳсор”) аз шаҳри Душанбе ва “Корхонаи консервбарории Ҳасанов”, “Элита-Истаравшан”,

 

ва “Тоҷфрут” аз вилояти Суғд мебошанд. Дар ин бора аз Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) хабар доданд.

 






Шонздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока – ПродЭкспо-2009 то 13 феврал идома ёфта, бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав ва Палатаи тиҷорат ва саноати Русия доир мешавад. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ бо кӯмаки молӣ ва фаннии Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC) имконпазир гардидааст.



Бо назардошти ниёз ба вуруди сареътар ба бозори кишварҳои дигар, қабл аз ҳама Русия ва Қазоқистон, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар чунин як намоишгоҳ барои ин корхонаҳо имконоти хуби муаррифии маҳсулоти худ ва дарёфти харидорон ва ҳамкорони нав дар хориҷ аз кишварро фароҳам меоварад.



Маттиас Ҳалдер, раҳбари лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон» (GTZ) бар ин назар аст, ки намоишгоҳ барои корхонаҳои Тоҷикистон имкони хубест, то маҳсулоти худро ба доираи васеъи истеъмолкунандагон дар Русия, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ нишон бидиҳанд. Ба қавли ӯ, ин намоишгоҳ имкон медиҳад, то корхонаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ робитаҳои мутақобилан судманд барқарор намоянд ва ҳамзамон, бино бар рақобати шадид дар бозорҳо онҳоро ба чолиш мекашад. Аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулот барои намоишгоҳ омода шудааст, ки ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари лоиҳаи Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба корхонаҳои Тоҷикистон имкони воқеъии пешбурди тиҷорати худ дар бозорҳои беруна, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва роҳҳои нави фурӯшро фароҳам меорад.





Маълумотнома: Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ)





оҷонсиест, ки рушди босуботро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамояд. GTZ пешрафти босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоиро дар шароити глобализатсияи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи аслии оҷонсӣ – беҳбудии шароити зиндагӣ мебошад. Дафтари ҳамоҳангсозии GTZ дар Душанбе аз соли 1996 фаъол аст.










Маркази байнулмилалии ти






ҷ






орат






(ITC)

як ниҳоди муштараки Созмони Милал (UNCTAD) ва Созмони




ҷ




аҳонии ти




ҷ




орат (WTO) буда, ҳадаф аз таъсиси он дастгирии рушди соҳаи ти




ҷ




орат ва сатҳи иқтидори содиротии кишварҳои р




ӯ




ба инкишоф ва дар ҳоли гузариш мебошад.






 


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...