Ӯзбекистон марҳила ба марҳила интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад

Date:


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар назди «Узтраснгаз» барои гази ба ҷумҳурӣ интиқолгардида аз оғози сол ба миқдори 7 млн. $ афзуда, феълан 16 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.




Тавре аз ҶС «Тоҷиктраснгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба иллати афзудани маблағи қарз ҷониби Ӯзбекистон марҳила ба марҳила ҳаҷми интиқоли газро коҳиш дода истодааст. «Агар чанд рӯз қабл ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба ҷумхурӣ 45 ҳазор метри мукааб дар як соатро ташкил медод, имрӯз он ба 25 ҳазор метри мукааб баробар шудааст», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, гази воридгашта миёни аҳолӣ, КВД «Тоҷиксемент», КВД «Талко» ва Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад. Бинобар камбуди маводи сӯшишворӣ феълан ҶСП «Тоҷиказот» аз фаъолият бозмондааст.



Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, қарзи аҳоливу корхонаҳои ҷумҳурӣ барои истифодаи газ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. «Масалан, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 9 млн. $ ва аҳолӣ 2-3 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, корхонаҳои КВД «Тоҷиксемент», ҶСП «Тоҷиказот», «Сомонсуғдгаз» ва КВД «Талко» низ дар назди ҶС «Тоҷиктрансгаз» маблағи зиёди қарзӣ доранд», – афзуд сарчашма.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...