Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиносон бар чунин назаранд, ки солҳои ахир тамоили бемориҳои саратон дар ҷумҳурӣ босуръат рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Тавре муовини директори Маркази илмии саратоншиносӣ дар назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Зафар Ҳусейнов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан дар кишвар ҳудуди 12 ҳазор шахсони гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли гузашта беш аз 2 ҳазор нафар шахсони гирифтор ба бемории саратон ба қайд гирифта шуд, ки тайи солҳои ахир чунин ҳолат рух надода буд, вале ин нишондиҳанда низ бозгӯи вазъи воқеӣ нест, зеро дар ноҳияҳо ва деҳоти кишвар
тадқиқот миёни аҳолӣ гузаронида намешавад ва ин рақамҳо мушаххас нестанд.
З.Ҳусейнов иллати афзоиши бемориҳои саратонро ба бад шудани вазъи экологӣ, аз ҷумла зиёд гаштани таъсири радиатсия, пастсифатии маводи ғизоӣ, шуъои офтоб ва ҳамчунин «механизми ҳолати ташаннуҷи рӯҳӣ (стресс)»-и пайдоиши омоси зарарнок марбут медонад. «Ғайр аз ин, вазъи муташанниҷи солҳои 90-уми асри гузашта, ки мардуми мо аз сар гузаронид, имрӯз аз худ дарак медиҳад», – афзуд ӯ.


