Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки миллии Тоҷикистон қарзашро дар назди Хазинаи байнулмилаии асъор, ки ҳаҷми умумии он ба 48 млн. $ баробар буд, пурра пардохт намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти БМТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, пардохти охирин ба маблағи 7,4 млн. $ рӯзи 5-уми феврал сурат гирифт. «Ҳамин тариқ Тоҷикистон тақозои ХБА-ро оид ба дар муддати 9 моҳ пардохтани қарз комилан ба иҷро расонид ва акнун бо ин ниҳоди маъруфи байнулмилалии молиявӣ марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи ҳамкориро пеш мегирад», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, тибқи нақшаи пешбинишуда, Тоҷикистон маблағи қарзро дар панҷ марҳила ба анҷом расонид.


