Тоҷикистон хостори дар Русия таъин намудани консулҳои фахрии маскуни ин кишвар аз ҳисоби собиқ шаҳрвандони ҷумҳурӣ аст

Date:


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ояндаи наздик ният дорад дар баъзе минтақаҳои Русия консулҳои фахрии Тоҷикистонро таъин намояд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин пешниҳод ба Вазорати умури хориҷии Русия ирсол гардида, феълан интизори посух мебошанд. «Мо ният дорем, ки ба ҳайси консулони фахрӣ собиқ шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки феълан шаҳрванди Русия ҳастанду миёнаи ҷомеаи ин кишвар соҳиби обрӯву нуфуз мебошанд, таъин намоем», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, шумораи чунин консулон то 20 нафар расида метавонад. «Пешбинӣ мегардад, ки консулони фахрӣ ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия будубош доранд, мусоидат намуда, асосан дар минтақаҳои дорои намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба фаъолият машғул хоҳанд гашт», – афзуд сарчашма.



Тибқи иттилои сарчашма, барои фаъолияти консулони фахрӣ пардохти музди меҳнат пешбинӣ нагардидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...