Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор Аксел Шиммелпфенинг ва намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Люк Моерс масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши кишоварзии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре сухангӯи вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масоили рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, татбиқи барномаҳо дар соҳа, амалисозии механизми нави маблағгузорӣ ва ҳалли мушкилоти пардохти қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки айни замон дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ 29 ҳазору 147 хоҷагии деҳқонии оилавӣ, 3 ҳазору 188 хоҷагии деҳқонии кооперативӣ ва 175 иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо механизми нави маблағгузорӣ тавассути қарздиҳии бонкҳо амал мекунанд. Қ.Қосимов ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ 275 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.


