ЮНЕСКО Атласи умумиҷаҳонии забонҳои мирандаро интишор месозад

Date:



           

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи оянда Бунёди

СММ

дар

умури илму фарҳанг ва маъориф (ЮНЕСКО) интишори Атласи забонҳоеро, ки дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доранд, ба нақша гирифтааст.






           

Тибқи иттилои Маркази иттилооти СММ, интишори он ба муносибати таҷлили Рӯзи байнулмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал ҷашн гирифта мешавад, пешбинӣ шудааст.




           

Мувофиқи маълумоти СММ, имрӯз дар саросари ҷаҳон мардуми сайёра ба беш аз 6000 забон ҳарф мезананд, ки 96 дарсади онро танҳо 4 дарсади аҳолии дунё истифода мебарад ва танҳо қисмате аз онҳо соҳиби хат мебошанд. Қариб нисфи забонҳои мавҷудаи ҷаҳон дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доранд. Ҳар моҳ ду забон аз байн рафта, дар низоми маориф ҳазорҳо забон мавриди истифода нестанд.




           

Дар ҳамин ҳол, доктори улуми филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов мегӯяд, дар Тоҷикистон низ ба забони яғнобиву гурӯҳи забонҳои помирӣ маҳвшавӣ таҳдид мекунад, зеро онҳо дар низоми маорифи кишвар мавриди истифода қарор надошта, инчунин бо ин забон ҳеҷ намуди васоити ахбори омма вуҷуд надорад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related