Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки сармоягузории Аврупо ба маблағгузории лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти ин бонк Филипп Майштадт оид ба ҳамкорӣ созишнома ба имзо расониданд, ки он барои фаъолияти бонк дар Тоҷикистон замина муҳайё сохт
Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, созишномаи мазкур ба бонк имкон медиҳад, ки ба лоиҳаҳои татбиқшаванда дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. «Ба сармоягузории лоиҳаҳои глобалии энергетикии барои ҷонибҳо судманд ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам қаламрави Аврупо таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид», – гуфтааст президенти бонк Ф.Майштадт.
Ф.Майштадт таъкид сохтааст, ки «барои фахолият дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Комиссияи Аврупо ва Бонки таҷдиду рушди Аврупо манфиатдор аст».


