Дар Тоҷикистон иҷозатномаи хизматгузории оператори алоқаи ҶСП «ДилФон» беэътибор дониста шуд

Date:


Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе иҷозатномаи қаблан ба ҶСП «ДилФон» додашударо беэътибор донист.




Тавре аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии назди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2006 ширкати ҶСП «ДилФон» барои хизматгузорӣ дар бахши таъмини алоқа тавассути стандарти


GSM


-1800, хадамоти телематикӣ (ба ҷуз


IP


-телефония) тавассути шабакаи операторҳо ва хизматгузорӣ оид ба ирсоли иттилоот тариқи алоқаи телеграфӣ ва


IP


-телефония иҷозатнома гирифт, вале то ҳанӯз ба фаъолият напардохтааст.



Ба иттилои манбаъ, хадамоти давлатӣ ҷиҳати беэътибор донистани иҷозатномаи ширкати мазкур бинобар риоя накардани талаботи Низомнома «Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият» ба додгоҳ муроҷиат кардааст. «Бо назардошти оғоз накардани фаъолият дар ин муддат ва пешниҳод насохтани ҳисоботҳои молиявиву оморӣ додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба ба беэътибор донистани иҷозатномаи ҶСП «ДилФон» аз 3-уми феврал ҳалнома содир намуд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...