Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои кӯмак намудан ба бинокорони нерӯгоҳҳои Сангтӯдаву Роғун, ки ба бемории шадиди роҳи гулӯву нафас гирифтор шудаанд, ба майдони сохтмони ин иншоотҳо сафарбар шуданд.
Тавре сардори хадамоти матбуоти вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Яқубова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо супориши вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, 17 пизишкони соҳаҳои гуногуни тиб ба майдони сохтмони иншоот сафарбар гардида, ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Ғайр аз ин, бо супориши вазир ҳайати табибон бо 6 ҳазор дона вактсинаҳои зиддизуком барои эмкунии бинокорон таъмин карда шуданд. Пизишкон дар майдони сохтмони иншоотҳои стратегии кишвар то 20-уми феврал фаъолият хоҳанд кард.


