Дар Тоҷикистон фаъолияти намояндагии созмони байнулмилалии хайрияи ORA International аз нав барқарор шуд

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон фаъолияти намояндагии созмони байнулмилалии хайрияи ORA International аз нав барқарор шуд. Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазоарти адлияи ҷумҳурӣ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо назардошти далели якчанд сол ба Тоҷикистон расонидани кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ин созмон, бо пешниҳоди додгоҳи […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон фаъолияти намояндагии созмони байнулмилалии хайрияи ORA International аз нав барқарор шуд.




Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазоарти адлияи ҷумҳурӣ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо назардошти далели якчанд сол ба Тоҷикистон расонидани кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ин созмон, бо пешниҳоди додгоҳи шаҳрӣ ахири моҳи январ Вазорати адлияи ҶТ ва созмони ORA International оид ба аз нав барқарор крдани фаъолияти созмон тавофуқ ҳосил карданд.



Ба гуфтаи Д.Сулаймонов, ба идомаи фаъолияти созмон бо иҷрои як қатор шартҳо, аз ҷумла боздошти фаъолияти шӯъбаҳои ғайриқонунӣ таъсисдодаи созмон дар қаламрави ҷумҳурӣ, ҳар семоҳа пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолият ва ҳайати кормандон ва манъи таблиғоти динӣ иҷозат дода мешавад. «Дар сурати иҷро нагардидани шартҳои мазкур фаъолияти созмон пурра қатъ хоҳад шуд», – таъкид сохт Д.Сулаймонов.



Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2008 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои Вазоарти адлияи ҷумҳуриро қонеъ сохта, фаъолияти намояндагии созмони хайрияи ORA International дар Тоҷикистонро ба муддати се моҳ боздошта буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.