Сафари расмии дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Литва оғоз ёфт

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо идома дорад. Шоми дирӯз ӯ аз шаҳри Брюссел бо сафари расмии дурӯза озими шаҳри Вилнюс – пойтахти Литва гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз гуфтушуниди расмии Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Литва Валдас Адамкус доир гардида, дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо идома дорад. Шоми дирӯз ӯ аз шаҳри Брюссел бо сафари расмии дурӯза озими шаҳри Вилнюс – пойтахти Литва гардид.




Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз гуфтушуниди расмии Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Литва Валдас Адамкус доир гардида, дар он масоили татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди минбаъдаи он, вазъи Афғонистону минтақа ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, амният, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва соҳаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Литва, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо тасвиби як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст. Сипас сарони кишварҳо дар ҳамоиши тиҷоратии Литваву Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид. Ғайр аз ин, имрӯз президенти Тоҷикистон бо сарвазири Литва Андрюс Кубилюс низ мулоқот намуда, дар пояи муҷасамаи хотира ба ҳалокшудагон дар роҳи истиқлолияти Литва гулчанбар мегузорад ва бо фаъолияти яке аз посгоҳҳои марзии ин кишвар – Лавориш аз наздик ошно хоҳад гашт.



Фардо, рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯгоҳи гидроаккумулятсионии Круонис ва ҶСП «Элинта» дар Каунас боздид хоҳад кард. Нимаи дуввуми рӯзи 13-уми феврал ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сӯи Эстония роҳ пеш хоҳад гирифт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.