Дар давраи бӯҳрони энергетикӣ интиқоли барқ ба маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» қатъ нахоҳад гашт

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки асосан дар он рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ба чоп мерасанд, ба рӯйхати иншооти ҳаётан муҳим шомил гардида, дар замони бӯҳрони энергетикӣ интиқоли барқ ба он қатъ нахоҳад гашт. Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мақомоти шаҳрдорӣ дар мувофиқа […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки асосан дар он рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ба чоп мерасанд, ба рӯйхати иншооти ҳаётан муҳим шомил гардида, дар замони бӯҳрони энергетикӣ интиқоли барқ ба он қатъ нахоҳад гашт.




Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мақомоти шаҳрдорӣ дар мувофиқа бо ширкати «Барқи тоҷик» ба чунин хулоса расида, тасмим гирифтаанд, ки рӯзона ба маҷмаа нерӯи барқ мунтазам интиқол хоҳад гардид. «Танҳо дар сурати садама дар шабака интиқоли барқ муваққтан ба маҷмаа қатъ карда мешавад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи сухангӯи раиси пойтахт, ба рӯйхати иншооти ҳаётан муҳим ҳамчунин муассисаҳои тандурустӣ, почта, телеграф ва дигар иншооти ба феҳристи иншооти муҳими давлатӣ шомилбуда дохил мебошанд.



Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10-уми феврал реҷаи истифодаи барқ дар пойтахт шадидтар гардид. Тибқи ин қарор, дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол

 

расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар

 

ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.

 


 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.