Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки созишномаҳои дар ҷараёни сафари ахири президенти Тоҷикистон баимзорасида ва дидору гуфтушуниди сарвари давлат бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро (НАТО) метавон муваффақона ва пурсамар арзёбӣ намуд.
Ӯ мегӯяд, ин табиист ва гувоҳи он аст, ки сиёсати бисёрсамтаи пешгирифтаи Тоҷикистон ҳарчи бештар ба воқеият табдил меёбад ва сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупоро низ мебояд дар доираи сиёсати «бисёрсамтаи»
хориҷии Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир шарҳу тафсир дод. «Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон тадриҷан аз самтгирӣ танҳо ба як кишвар даст кашида, сиёсати хориҷии худро бештар муназзам месозад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад, вале ин маънои онро надорад, ки ҶТ бо кишварҳои дигари Ғарбу Шарқ наздиктар буда натавонад.
Ба қавли коршинос, таҳкиму густариши сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон дар солҳои ахир аслан ба мушкилоти иқтисодӣ марбут буда, кишвар ба сармоягузориҳои бузург ниёз дорад, вале умедворӣ ба сармоягуории Русия торафт камтар мешавад. «Аз ин рӯ, Тоҷикистон бомаром мекӯшад самти «ғарбӣ»-ро таҳким бахшад, ҳарчанд муддати тӯлонӣ дастовардҳо дар ин самт начандон назаррас буданд», – изҳор дошт коршинос.


