Эмомалӣ Раҳмон номзад ба вазифаи президенти Кумитаи миллии Олимпии ҷумҳурӣ эълон гардид

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқот бо рӯзноманигорон раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев изҳор дошт, ки номзадии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО ягона аст. Лозим ба тазаккур аст, ки бар асоси Оинномаи КМО, президенти нав барои чаҳор сол (2009-2012) дар Асссамблеяи кулли ҳисоботию интихоботӣ, ки 14-уми […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқот бо рӯзноманигорон раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев изҳор дошт, ки номзадии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО ягона аст.




Лозим ба тазаккур аст, ки бар асоси Оинномаи КМО, президенти нав барои чаҳор сол (2009-2012) дар Асссамблеяи кулли ҳисоботию интихоботӣ, ки 14-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, интихоб мегардад. Чанд рӯзе қабл Кумитаи иҷроияи КМО якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа пешниҳод намуд.



Ба гуфтаи Б.Раҷабалиев, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонро бӯҳрони молӣ гирифтааст, вазъи рушди варзиш низ ба мушкилот мувоҷеҳ гардидааст. «Аз ин рӯ, номзадии сарвари давлат мувофиқи мақсад аст ва умедворем, ки бо сари ин вазифа омадани Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд», – афзуд Б.Раҷабалиев.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.