Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарфармондеҳи нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин иттилоъ медиҳад, ки ба низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ муяссар гаштааст, чунин нерӯҳоро дар давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон аз нав эҳё созад.
Ба гуфтаи оқои Зелин, кишварҳои узви иттиҳод аллакай ба таъсиси нерӯҳои минтақавии ҳамгиройӣ дар се самт – Шарқиву аврупоӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ шурӯъ намудаанд. «Созишномаи дифоъи муштараки марзи ҳавоӣ миёни Давлати иттифоқӣ байни Русияву Белоруссия барои тасвиб омода мегардад ва лоиҳаҳои созишномавӣ бо дигар минтақаҳо низ айни замон дар ҳоли таҳия мебошанд», – гуфтааст ӯ.
Зелин гуфтааст, таҷриба нишон додааст, ки маҳдудсозии фазои назоратии нерӯҳои навбатдор дар ин самт имконоти чунин нерӯҳоро ба таври назаррас заъиф месозад ва муттаҳидсозиву ҳамгиройии низомҳои миллии дифои ҳавоӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ талаби давру замон аст.


