А.Зелин: Эҳёи нерӯҳои дифоъи ҳавоии Тоҷикистон ба туфайли дастгирии низоми муттаҳидаи дифои ҳавоии ИДМ муяссар шуд

            Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарфармондеҳи нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин иттилоъ медиҳад, ки ба низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ муяссар гаштааст, чунин нерӯҳоро дар давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон аз нав эҳё созад.             Ба гуфтаи оқои Зелин, кишварҳои узви иттиҳод аллакай […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарфармондеҳи нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин иттилоъ медиҳад, ки ба низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ муяссар гаштааст, чунин нерӯҳоро дар давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон аз нав эҳё созад.





           

Ба гуфтаи оқои Зелин, кишварҳои узви иттиҳод аллакай ба таъсиси нерӯҳои минтақавии ҳамгиройӣ дар се самт – Шарқиву аврупоӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ шурӯъ намудаанд. «Созишномаи дифоъи муштараки марзи ҳавоӣ миёни Давлати иттифоқӣ байни Русияву Белоруссия барои тасвиб омода мегардад ва лоиҳаҳои созишномавӣ бо дигар минтақаҳо низ айни замон дар ҳоли таҳия мебошанд», – гуфтааст ӯ.




           

Зелин гуфтааст, таҷриба нишон додааст, ки маҳдудсозии фазои назоратии нерӯҳои навбатдор дар ин самт имконоти чунин нерӯҳоро ба таври назаррас заъиф месозад ва муттаҳидсозиву ҳамгиройии низомҳои миллии дифои ҳавоӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ талаби давру замон аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.