Ӯзбекистон иштироки худро дар сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ӯзбекистон иштироки худро дар сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад. Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 13-феврал зимни ҷаласаи ҳукумати Ӯзбекистон президенти ин кишвар Ислом Каримов ба ин нукта ишора карда, гуфтааст, дар сурати натиҷаҳои мусбати […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ӯзбекистон иштироки худро дар сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад.




Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 13-феврал зимни ҷаласаи ҳукумати Ӯзбекистон президенти ин кишвар Ислом Каримов ба ин нукта ишора карда, гуфтааст, дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси байнулмилалӣ оид ба истифодаи захоири обӣ ва таъсири он ба муҳити зист, Ӯзбекситон омода аст, дар тарҳҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа саҳм гузорад.



Тибқи маълумоти намояндагии дипломатӣ, И.Каримов зикр намудааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқиву обӣ ҳақи ҳар як кишвар аст, вале ин ҷо зарур аст мушкилоти норасоиву обу экологияро, ки бар асари сохтмон дар кишварҳои поёноб ба вуҷуд меоянд, низ бояд ба эътибор гирифт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.