Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ маросими супурдани гувоҳномаҳо ба хатмкунандагони курсҳои думоҳаи омӯзиши забони русӣ тибқи лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии пурсамар ва бехатар» баргузор шуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази маърифатии «Мултикид» бо дастгирии молиявии Фонди Авруосиё дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.
Тавре аз иттиҳодияи «Мултикид» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, 130 нафар сокини шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар курсҳои забни русӣ таълим гирифта, ҳамчунин бо асноди меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба муҳоҷират огоҳӣ пайдо намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалисозии лоиҳа, ки чор моҳи минбаъда низ идома хоҳад ёфт, беш аз 200 нафар имкон доранд, дар курсҳо забони русиро омӯзанд ва оид ба муҳоҷирати қонунӣ маълумоти зарурӣ ба даст оранд.


