Бори нахуст тайи даҳ соли ахир комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон сари мизи гуфтушунид менишинад

            Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешавад.             Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа ба ҷуз масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Ҳайати […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешавад.





           

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа ба ҷуз масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Ҳайати Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазир, вазири молияи Ӯзбекистон Рустам Азимов роҳбарӣ менамояд», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи иттилои сарчашма аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ тақрибан 13 масъала, аз ҷумла масоили роҳандозииҳамкориҳо дар бахшҳои истифодаи захоири обиву энергетикӣ, нақлиёт ва ғайра баррасӣ шуда, масъалаи транзити нерӯи барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар меҳвари ҷаласа қарор хоҳад дошт.




           

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи ахири комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 сол қабл доир гардида буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.