Лоиҳаи «Маркази ягонаи коммуникатсионӣ» масъалаи озодии баёнро дар кишвар зери суол қарор медиҳад, – назари коршинос

            Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ сарвари иҷроияи Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Михаил Петрушков изҳор дошт, татбиқи Лоиҳаи «Маркази ягонаи коммуникатсионӣ», ки Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ такроран пешниҳод менамояд, масъалаи озодии баёнро дар кишвар зери суол қарор медиҳад.             Ба гуфтаи ӯ, ин маънои онро дорад, ки фаъолияти соҳаи […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ сарвари иҷроияи Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Михаил Петрушков изҳор дошт, татбиқи Лоиҳаи «Маркази ягонаи коммуникатсионӣ», ки Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ такроран пешниҳод менамояд, масъалаи озодии баёнро дар кишвар зери суол қарор медиҳад.





           

Ба гуфтаи ӯ, ин маънои онро дорад, ки фаъолияти соҳаи алоқа комилан таҳти назорат гирифта хоҳад шуд ва «дар ин сурат чӣ гуна метавон дар бораи оздии баён сухан гуфт?» «Гап сари он аст, ки феълан оператори миллии алоқаи ҶСК «Тоҷиктелеком», ки дар заминаи он таъсиси чунин марказ пешбинӣ шудааст, дар бозори алоқа мавқеи худро торафт аз даст медиҳад ва дар сурати ба як марказ муттаҳид гаштани операторон, он дар соҳаи алоқа барои дигарон рақобатнопазир хоҳад гашт», – гуфт ӯ.




           

Оқои Петрушков мегӯяд, мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ чанде қабл маъракаи «200 рӯзи ислоҳот»-ро эълом дошт ва бархе аз мансабдорон таҳти иҷрои он лоиҳаҳои бесамарро «пиёда сохтанианд».




           

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Ассостсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Иркаев мегӯяд, бар асари бӯҳрони молӣ дар бахши хизматрасонии алоқа болоравии тарофаҳо ба назар мерасад, ки он ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад ва операторони алоқаи мобилӣ тарофаҳои худро тағйир доданӣ ҳам нестанд. «Дар сурати амалисозии лоиҳаи «Маркази ягонаи коммуникатсионӣ вазъ метавонад ба куллӣ тағйир ёбад», – гуфт ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.