Додгоҳи Олии ҶТ даъвои созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво»-ро оид ба таҷдиди назари ҳукми додгоҳи марҳилаи аввал рад сохт

            Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мурофиаи додгоҳии созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво» то ба коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи Олии кишвар хабар доданд, панҷшанбеи гузашта коллегияи ҳарбии Суди Олӣ, бо рад кардани шикояти кассатсионии созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» ҳукмномаи додгоҳи марҳилаи аввалро бе тағйир гузошт. Ёдовар мешавем, […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мурофиаи додгоҳии созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво» то ба коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон расид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи Олии кишвар хабар доданд, панҷшанбеи гузашта коллегияи ҳарбии Суди Олӣ, бо рад кардани шикояти кассатсионии созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» ҳукмномаи додгоҳи марҳилаи аввалро бе тағйир гузошт.



Ёдовар мешавем, мурофиаи судии созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво» дар ҷумҳурӣ ду сол боз идома меёбад. Ҳанӯз моҳи октябри соли 2007 бо қарори вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардид. Вазорат он вақт гуфта буд, ки намояндагони ташкилоти мазкур хилофи қонун «Дар бораи дин ва созмонҳои динӣ» амал кардаанд. Бино ба маълумоти вазорати фарҳанг, намояндагони созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво» ғайриқонунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ миёни мардум тарғибот мебурдаанд. Қарор дар бораи манъи фаъолияти ин созмон моҳи октябри соли 2008 аз тарафи Додгоҳи шаҳри Душанбе қабул гардид.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.