Интихоби президенти нави Кумитаи миллии олимпӣ

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он президенти нави кумита интихоб хоҳад гардид. Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар мулоқот бо рӯзноманигорон раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев изҳор дошт, ки номзадии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он президенти нави кумита интихоб хоҳад гардид.



Ёдрас мекунем, ки


чанде қабл дар мулоқот бо рӯзноманигорон раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев изҳор дошт, ки номзадии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО ягона аст.




Лозим ба тазаккур аст, ки бар асоси Оинномаи КМО, президенти нав барои чаҳор сол (2009-2012) дар Асссамблеяи кулли ҳисоботию интихоботӣ, ки 14-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, интихоб мегардад. Чанд рӯзе қабл Кумитаи иҷроияи КМО якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа пешниҳод намуд.



Ба гуфтаи Б.Раҷабалиев, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонро бӯҳрони молӣ гирифтааст, вазъи рушди варзиш низ ба мушкилот мувоҷеҳ гардидааст. «Аз ин рӯ, номзадии сарвари давлат мувофиқи мақсад аст ва умедворем, ки бо сари ин вазифа омадани Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд», – афзуд Б.Раҷабалиев.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.