Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсатшиносӣ, собиқ вазири иқтисоди кишвар Давлат Усмон изҳор дошт, ки дар шароити муносиботи на он қадр хуби кишварҳо ташрифи ҳама гуна ҳайат аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ паёми нек аст.
Ӯ чунин изҳори ақида намуд, ки аз кори комиссияи байниҳукуматии кишварҳо набояд интизорӣ дошт, ки натиҷаи он дар муносиботи давлатҳо тағйироти куллиро ба амал меовараду ҳамаи масоили муташанниҷи дуҷонибаро ҳаллу фасл месозад.
«Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҳарду кишвар ҳам ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд ва агар ҷониби Ӯзбекистон бо пешниҳодоти мақбул сафар дошта бошад, ҳайати кишвари моро зарур аст, аз чунин фурсати муносиб истифода намояд ва гузашта аз ин, ташаббусро ба дасти худ бигирад, зеро ба ин Тоҷикистон бештар манфиатдор аст», – афзуд сиёсатшинос.


