Дар шароити муносиботи на он қадр хуби кишварҳо ташрифи ҳама гуна ҳайат аз Ӯзбекистон паёми нек аст, – назари сиёсатшинос

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсатшиносӣ, собиқ вазири иқтисоди кишвар Давлат Усмон изҳор дошт, ки дар шароити муносиботи на он қадр хуби кишварҳо ташрифи ҳама гуна ҳайат аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ паёми нек аст. Ӯ чунин изҳори ақида намуд, ки аз кори комиссияи байниҳукуматии кишварҳо […]

Парвина Ҳамидова


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсатшиносӣ, собиқ вазири иқтисоди кишвар Давлат Усмон изҳор дошт, ки дар шароити муносиботи на он қадр хуби кишварҳо ташрифи ҳама гуна ҳайат аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ паёми нек аст.




Ӯ чунин изҳори ақида намуд, ки аз кори комиссияи байниҳукуматии кишварҳо набояд интизорӣ дошт, ки натиҷаи он дар муносиботи давлатҳо тағйироти куллиро ба амал меовараду ҳамаи масоили муташанниҷи дуҷонибаро ҳаллу фасл месозад.



«Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҳарду кишвар ҳам ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд ва агар ҷониби Ӯзбекистон бо пешниҳодоти мақбул сафар дошта бошад, ҳайати кишвари моро зарур аст, аз чунин фурсати муносиб истифода намояд ва гузашта аз ин, ташаббусро ба дасти худ бигирад, зеро ба ин Тоҷикистон бештар манфиатдор аст», – афзуд сиёсатшинос.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.