Дар Тоҷикистон фаъолияти созмони хайрияи German Alliance Mission мамнӯъ эълон гардид

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти созмони хайрияи German Alliance Mission мамнӯъ эълон гардид. Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, даъвои вазорат, ки ба додгоҳи ноҳияи исмоили Сомонӣ пешниҳод гардида буд, рӯзи 12-уми феврал қонеъ карда шуд. Д.Сулаймонов […]


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти созмони хайрияи


German




Alliance




Mission


мамнӯъ эълон гардид.




Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, даъвои вазорат, ки ба додгоҳи ноҳияи исмоили Сомонӣ пешниҳод гардида буд, рӯзи 12-уми феврал қонеъ карда шуд.



Д.Сулаймонов мегӯяд, зимни санҷиши созмони мазкур моҳияти динӣ доштани самти фаъолияти он ошкор гардид ва муаяйян карда шуд, ки кормандони созмон дар истироҳатгоҳҳои ташкилкардаи тобистона барои кӯдакону наврасон ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ арзишҳои мазҳаби христианиро фаъолона таблиғу ташвиқ менамуданд. «Ҳамин тариқ, онҳо фаъолияти оинномавии худро риоя накарданд ва бо такя бар ин асос мо ба додгоҳ даъво пешниҳод сохтем», – гуфт ӯ.



Тибқи маълумоти Вазорати адлия, намояндагии созмони хайрияи


German




Alliance




Mission




дар қаламрави кишвар муддати 10 сол аст, ки фаъолият дошт. Аз эҳтимол дур нест, ки намояндагони созмон қарори додгоҳро ҷиҳати таҷдиди назар ба марҳилаи кассатсионӣ ирсол хоҳанд дошт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.