Вақти он расидааст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад, – назари коршинос

Date:


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки мебояд муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад.





           

Номбурда мегӯяд, Ӯзбекистон дар масъалаи фурӯши газ кайҳо тибқи талаботи бозор амал мекунад ва дар интиқоли барқ, ки кишварҳо мавсимӣ бо ҳам додугирифт доранд, низ мебояд ба чунин тарзи муносибат гузашт. Ёдрас мекунем, ки қаблан Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, ба ивази он дар мавсими баҳору тобистон аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 900 млн. кВт/соат барқ мегирифт.




           

Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ, чунин иқдом имкон хоҳад дод, ки дар фасли тобистон об захира гардида, он дар фасли зимистон ҷиҳати истеҳсоли барқ истифода гардад ва маҳдудият сабуктар карда шавад. А.Мамадазимов гуфт, дар замони шӯравӣ ба ивази об ҳамсоягон ба мо нафту газ медоданд ва кунун низ бояд чунин таҷрибаро роҳандозӣ намуд, вале бо назардошти манфиатҳои ҳама ҷонибҳо.




           

Сиёсатшинос чунин мешуморад, ки боздиди ҳайати Ӯзбекистон метавонад дар ин самт гоми нахустин бошад. «Пешравӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли баҳси энергетикӣ миёни кишварҳо муносиботи дуҷонибаро беҳбуд хоҳад бахшид», – афзуд коршинос.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...