ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба додгоҳ мекашад

Date:


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтни агрегати чаҳоруми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар таърихи 25-уми феврал пешбнӣ гардида буд, ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд.




Тавре аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мавқуфгузории ба кор даровардани агрегати охирини нерӯгоҳ бар асари саривақт аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» напардохтани маблағи қарзи истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ дар соли 2008 мебошад.



Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ изҳор доштанд, шояд имрӯз ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ аз блдои ширкат барои напардохтани қарз даъво пешниҳод гардад.



Ёдрас мекунем, ки 9-уми феврал ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» оид ба нияти ба додгоҳ муроҷиат кардан аз рӯи ин масъала изҳороти расмӣ пахш карда буд. Дар изҳорот таъкид гардида буд, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.



Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шуда буд, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.



Директори генералии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раҳматулло Алжанов изҳор намуд, ки «мо назди ширкати «Барқи тоҷик» ба муддати 10 рӯз мӯҳлат додем, то ҷиҳати пардохтани қарз чораҷӯӣ намояд ва имрӯз мӯҳлати мазкур низ ба охир мерасад». «Мақомоти раҳбарии ширкат аз ин масъала ба хубӣ огаҳанд», – афзуд ӯ.





Маълумотнома:




Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон бунёд мегардад, лоиҳаи муштаракаи Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...