«Газпром» корҳои доманадори иктишофиро дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад

Date:


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварате, ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК «Зарубехнефтегаз» мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре сухангӯи ҶСК «Зарубежнефтегаз» Екатерина Кожевникова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар машварат аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовини вазири энергетика ва саноати кишвар Заробиддин Файзуллоев ва сармутахассиси шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Хайруллобек Ғафуров иштирок карданд.




           

Масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газу нафт дар Тоҷикистон мавзӯи асосии чорабинӣ буд. ҶСК «Зарубежнефтегаз» эълом дошт, ки ният дорад корҳои иктишофиро дар се минтақа – конҳои Сариқамиш, Саргазон ва Ренгон вусъат бахшад ва бо ин мақсад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон техникаву таҷҳизоти нав равона хоҳад гардид. Дар як вақт инчунин таҷҳизоти пармакунӣ омода гардида, ахири сол пармакунии чоҳҳо дар минтақаҳои санҷидашуда пешбинӣ мегардад. Мутахассисони русиягӣ изҳор доштанд, ки корҳои иктишофу истихроҷи газ дар Тоҷикистон ба иллати дар чуқурии аз 5,5 то


7 км

ҷойгир будани газ каме мушкилиҳо пеш меорад.




           

Сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим шароити душвори корҳоро дар ҷумҳурӣ тасдиқ сохта, изҳори боварӣ намуд, ки бо кӯмаки коршиносони пуртаҷрибаи Русия ва технологияи замонавӣ комёбӣ ба даст хоҳад омад.




           

Дар машварат ҳамчунин зикр гардид, ки ширкати «Газпром» ба иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохта, ҷиҳати амалисозии он коршиносони беҳтарини соҳа ва технологияи навтарини пешрафтаро ҷалб месозад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...