Таҷлили ҷашни солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Тоҷикистон

Date:



           

Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон 16-умин солгарди таъиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҷлил мегардад.





           

Тибқи иттилои расида аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба муносибати ҷашн сафороии идона доир мегардад ва сарбозону афсарони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда мешаванд. «Дар маҷмааи Кохи Борбад муҳофизони ватанро намояндагони мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, вазорати мудофиа ва собиқадорон табрику таҳният гуфта, сипас консерти идона доир мегардад», – гуфт манбаъ.




           

Соли гузашта зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 15-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ – дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.




           

Он замон сарвари давлат таъкид дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...