Президенти Тоҷикистон бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок намуд

Душанбе. 23-юми феврал – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок намуда, мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва кабудизорсозию ободонии муҳити зист ҳидоят намуд. Таҷрибаи деҳқонони асил ва дастовардҳои илмии олимон собит намудаанд, ки дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон беҳтарин мавсими ниҳолшинонӣ давраи аз охирҳои тирамоҳ то рӯзҳои […]

root


Душанбе. 23-юми феврал – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок намуда, мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва кабудизорсозию ободонии муҳити зист ҳидоят намуд.




Таҷрибаи деҳқонони асил ва дастовардҳои илмии олимон собит намудаанд, ки дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон беҳтарин мавсими ниҳолшинонӣ давраи аз охирҳои тирамоҳ то рӯзҳои аввали баҳор мебошад.



Аз ин хотир аз охирҳои тирамоҳ ва оғози зимистони ҷорӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар, ки обу ҳавои мусоид доранд, мардум аз ҳар як рӯзи офтобӣ барои шинондани ниҳолҳо, барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав пурсамар истифода мебаранд.



Мавсими ниҳолшиноние, ки имрӯзҳо дар гӯшаю канори гуногуни Тоҷикистони офтобрӯяи мо, албатта ғайр аз ноҳияҳои баландкӯҳ, идома дорад, моҳи декабри соли гузашта бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.



Вусъати баланди корҳо баҳри барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав, ки натиҷаи дастгирию ҳамовозии васеъ пайдо намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаю барномаҳои давлатии дар ин самт қабулшуда аст, ба болоравии ҳавасмандии мардум дар ривоҷ додани ниҳолпарварӣ мусоидат намуд.



Имрӯз парвариши ниҳолҳо ва ба фурӯш баровардани онҳо ба як навъ шуғли сердаромад барои деҳқонону боғпарварони кордон табдил ёфтааст, зеро дар бозорҳои сершумори ниҳолфурӯшӣ нархи ҳар як ниҳол аз 2-3 то 50-60 сомониро ташкил медиҳад.



Бозори ниҳолҳои мевадиҳанда, дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо, ки барои бунёди боғҳо, ороиш додани кӯчаю хиёбонҳо, назди ҳавлию осоишгоҳҳо, дигар мавзеъҳо

 

ва ҳамчунин баҳри поку пуртароват намудани ҳаво харидорӣ мешаванд, ҳамарӯза гарму серодам аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.