Таҷлили ҷашни солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Тоҷикистон

            Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон 16-умин солгарди таъиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҷлил мегардад.             Тибқи иттилои расида аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба муносибати ҷашн сафороии идона доир мегардад ва сарбозону афсарони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда мешаванд. […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон 16-умин солгарди таъиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҷлил мегардад.





           

Тибқи иттилои расида аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба муносибати ҷашн сафороии идона доир мегардад ва сарбозону афсарони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда мешаванд. «Дар маҷмааи Кохи Борбад муҳофизони ватанро намояндагони мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, вазорати мудофиа ва собиқадорон табрику таҳният гуфта, сипас консерти идона доир мегардад», – гуфт манбаъ.




           

Соли гузашта зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 15-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ – дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.




           

Он замон сарвари давлат таъкид дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.