Вазорати кишоварзӣ ба ҳукумат тавсия медиҳад, ки аз маблағгузорӣ ба хоҷагиҳои пахтакори зиёновар даст кашад

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзӣ ният дорад, бо назардошти ҳосилнокии майдони кишт ба ҳукумат оид ба тақсими пурсамару оқилонаи маблағҳои буҷавӣ ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар пешниҳодоту тавсияҳои худро ирсол намояд.   Тавре сухангӯи вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба хотири пешгирии афзоиши қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, ки […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзӣ ният дорад, бо назардошти ҳосилнокии майдони кишт ба ҳукумат оид ба тақсими пурсамару оқилонаи маблағҳои буҷавӣ ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар пешниҳодоту тавсияҳои худро ирсол намояд.

 





Тавре сухангӯи вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба хотири пешгирии афзоиши қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, ки соли гузашта ҳосилнокиашон 20-25 сентнерро ташкил медод, сурат мегирад. «Мо ният дорем, ба бонкҳо тавсия бидиҳем, ки зимни ҷудо намудани қарз ба хоҷагиҳо ҳосилнокии майдони киштро ба назар бигиранд, то пешбинӣ карда тавонанд, ки оё ин хоҷагӣ саривақт қарзи онҳоро пардохта метавонад ё не», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, пешниҳодоту тавсияҳои мазкур бар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои ҳосилнокии хоҷагиҳо дар соли гузашта омода гардидааст. Номбурда таъкид сохт, ки иқдоми мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, вазорат ҳуқуқ надорад ба фаъолияти бонкҳо оид ба ҷудо намудани қарз ба хоҷагиҳо дахолат намояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.